Ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати ҶТ дар ФР ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират нақшаи чорабиниҳоро таҳия намудааст, ки дар асоси он шурӯъ аз 21 август дар манотиқи гуногуни ФР силсилаи мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор мегарданд.
мувофиқи нақшаи мазкур дар ҳавзаи марказии федеролй, аз ҷумла дар шаҳри Маскав ва вилоятҳои Маскав, Владимир, Твер, Иваново ва Тула дар марказҳои тиҷоратӣ, майдонҳои сохтмонӣ ва ташкилоту муассисаҳое, ки ҳамватанони мо фаъолият менамоянд, мулоқот гузаронида мешаванд. Дар вохӯриҳо асосан оид ба моҳияти истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, саҳми Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон ва навгониҳои қонунгузории федералӣ оид ба муҳоҷират сухан мегӯянд.
Инчунин барои хотирмону ҷолиб истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатӣ Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати ҶТ, консулгариҳо ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанони бурунмарзӣ бахшида ба ин санаи муборак конфронсу суҳбатҳо, маҳфилҳои фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор менамояд. Аз ҷумла, 21 август дар шаҳри Санкт-Петербург мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин доир карда мешавад. Дар ин сабқат, ки ба ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шудааст, беҳтарин паҳлавонҳо аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва манотиқи гуногуни Русия дархости иштирок кардаанд.
Дар назар аст, ки 28 август миёни дастаҳои ҷамъиятҳои миллии муқими шаҳри Санкт-Петербург мусобиқаи футбол доир карда шавад. Дар доираи чорабиниҳо ба муносибати солгарди истиқлолият, ҳамчунин 3 сентябр бо ширкати доираи васеи коршиносону мутахассисон конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 сол ва саҳми диаспораҳои тоҷик дар таҳкими муносиботи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ» баргузор мегардад,-илова намуд И.Аҳмадов.
Бино ба гуфтаи манбаъ, чунин вохӯриҳо дар шаҳрҳои Екатеринбург, Қазон, Новосибирск, Сочи, Хабаровск ва Волгоград низ гузаронида мешаванд.
Маҳфили асосӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Сафорати ҶТ дар ФР ва дигар намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар яке аз толорҳои муҳташами шаҳри Маскав бо ширкати меҳмонони воломақом, намояндагиҳои расмии кишварҳои хориҷӣ ва ҳамватанони фаъол, ки таъриху тамаддун, илму фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ ва тарғиб намуда, обрӯву нуфузи онро дар кишвари иқомат боло мебардоранд, доир мегардад.