МАБЛАҒ СУПОРИДАНД ВА БА ХИЗМАТИ ВАТАН-МОДАР РАФТАНД. 1200 нафар шаҳрвандон ихтиёран ба захираҳои сафарбарӣ ҷалб карда шуданд

ТВТ.07.09.2022. Шуруъ аз 17 августи соли 2022 тибқи талаботи моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» 1200 нафар шаҳрвандоне, ки ихтиёран ва бо пардохти маблағи муайян ба захираҳои сафарбарӣ даъват шудаанд, дар марказҳои таълимии «Фаҳробод»-и вилояти Хатлон, «Тоҷмаҳал» ва «Лоҳур» дар гарнизони шаҳри Душанбе, инчунин дар заминаи филиали Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дар вилояти Суғд хизмати ҳатмии моҳонаи ҳарбиро ба унвони даъватшаванда мегузаранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Сардори маркази матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалӣ хабар дод.

Тибқи нақша, барномаҳои таълимии даъватшавандагони ихтиёрии захираҳои сафарбарии низомӣ 16 сентябри соли ҷорӣ пурра ба итмом расида, баъди адои савганди ҳарбӣ ба онҳо билети ҳарбӣ ва рутбаи қаторӣ супорида мешавад.

Бояд зикр намуд, ки баъди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021 шаҳрвандон аллакай бори дуюм аст, ки баъд аз гузаштани ҷамъомади ҳарбии якмоҳа уҳдадории ҳарбии худро адо намуда, ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид карда мешаванд.

Дар ҳама майдонҳо ва марказҳои таълимӣ барои хидмати ҳаррӯзаи ҳайати шахсӣ, ташкил ва гузаронидани омодагии саҳроии назариявӣ ва амалӣ тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, барномаҳои таълимии ҳарбӣ тибқи нақшаи хизмати 30-рӯза дар сафи даъвати захираҳои сафарбаркунӣ таҳия, тасдиқ ва амалӣ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 20 январи соли 2021 парлумони Тоҷикистон дар таҳрири нав қонун «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро қабул кард, ки тибқи он минбаъд шаҳрвандони синни ҳарбӣ баъди пардохти маблағи муайян ва гузаштани омодагии моҳонаи ҳарбӣ имкон доранд дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хизмати ҳарбии ҳатмиро адо намоянд.

Зимнан, тибқи муқаррароти қонуни нав, наваскарон барои гузаштан аз ин шакли хидмат метавонанд ба комиссариатҳои ҳарбии маҳаллӣ муроҷиат намуда, пас аз пардохти маблағ дар хазинаҳои Амонатбонк, барои хидмат сабти ном шаванд.

Ба гуфтаи Ф.Маҳмадалӣ маблағҳои супоридашуда ба суратҳисои махсуси Вазорати мудофиа ворид шуда, сипас барои бунёди қисмҳои ҳарбии алоҳида дар ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ, ташкили пойгоҳҳои моддӣ-техникӣ, сохтмони бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, таъмиру тармими онҳо, маоши афсарону кормандони таълимдиҳанда, хароҷоти маъмурӣ ва баҳри баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии дигар хизматчиёни ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст.

Мавриди зикр аст, шаҳрвандоне, ки то қабули қонуни мазкур рутбаҳои ҳарбиро гирифта, дар эҳтиёт қарор доранд, нисбати онҳо ин қонун татбиқ карда намешавад. Талаботи қонуни мазкур танҳо аз санаи қабул, яъне аз 29-уми январи соли 2021 мавриди амал қарор дорад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: