Дар натиҷаи боронҳои шадид 16 август дар қаламрави як қатор ҷамоатҳои ноҳияи Исфара сели бузург омад.
Бар асари сел 6 хона комилан ва 10 хонаи истиқоматии дигар қисман хароб шуданд. Дар маҷмӯъ, аз ин сел дар рустоҳои гуногун 272 хонаи истиқоматӣ зарар диданд.
Ҳамчунин сел ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳҳои мошингард ва низоми коммуникатсионии минтақа хисорати зиёд расонид.
Бо мақсади бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумак ба хонаводаҳои зарардида ситоди фаврӣ созмон дода шуд. Ба ҷойи ҳодиса ҷонишини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва роҳбарони Ситоди КҲФ-и вилоят фавран расиданд.
Барои кумак ба зарардидагон ва барқарорсозии харобаҳо воҳидҳои низомии КҲФ ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.
Сели Исфара қурбонӣ надошт. Харобиҳои он барқарор карда мешаванд.