Лукашенко муносиботи ҳозираи элитаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ҳасадбарангез хонд

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, ки бо сафари расмӣ дар Тошканд қарор дошт, ҳангоми мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи сафари охири расмияш ба Тоҷикистон  ёдовар шуд. Дар ин бора дар гузориши васеъ аз сафари А.Лукашенко, ки дар сомонаи расмии Президенти Беларус нашр гардидааст,  иттилоъ дода шудааст.

Тибқи  ин гузориш, Александр Лукашенко зимни гуфтушунид дар Тошканд аз суҳбаташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи сиёсати  роҳбарияти имрӯзаи Ӯзбекистон  зикр кардааст.

Хотиррасон менамоем, ки сафари расмии  Президенти Ҷумҳурии  Беларус ба Тоҷикистон ва мулоқоташ бо  Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли равон сурат гирифта буд.

Лукашенко дар хитоб ба Мирзиёев гуфтааст: «Роҳбарияти Тоҷикистон сиёсати шуморо хеле мусбат баҳогузорӣ кард. Он фикру муносибате, ки элитаҳои ин кишварҳо дар нисбати сиёсати шумо доранд, ҳасадангез мебошад. Ман шуморо табрик мекунам, ки тавонистед чунин роҳи сиёсиро, ки барои Ӯзбакистон мувофиқ аст, пеш гиред. Мо хеле шодем».

Лукашенко ҳамчунин таъкид намудааст, ки сиёсати Мирзиёевро дар Ӯзбекистон, ки аҳолии зиёду ақалиятҳои гуногун дорад, хеле бодиққат назора мекунад, махсусан шеваи муносибатеро, ки Мирзиёев бо ҳамсояҳо пеш гирифтааст. Лукашенко  афзудаст, ки дар Ӯзбекистон 19 ҳазор белорус зиндагӣ мекунанд ва мардуми ин ду кишвар, пеш аз ҳама, бо меҳнатдӯстияшон ба ҳам монанданд.

«Агар мо савдою тиҷорат ва муаррифӣ кардани моли худро чун ӯзбекҳо медонистем, шояд ҳоло ду баробар бештар сарватмандар мешудем.   Умедворам, ки ин таҷрибаи хубро ба мо ёд медиҳед», — изҳор доштааст Лукашенко.

Сафари расмии Лукашенко дар Ӯзбекистон аз 12 то 14 сентябр  сурат гирифт. Тибқи санадҳои имзошуда, Ӯзбекистон ба Белорусия аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши нафту газро пешниҳод намудааст.

АМИТ«Ховар»