Зиёда аз 250 ҷуфт шиму костюми мактабӣ, 7000 адад дафтар, 300 китоби дарсӣ ва дигар ашёи хониш, ки бе сертификати мутобиқат ба муомилот бароварда шудаанд, аз ҷониби кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо («Тоҷикстандарт») ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.
«Мусаллам аст, ки бо фарорасии соли нави таҳсил талабот ба либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш зиёд мешавад ва дар ин замина аз ҷониби соҳибкорон намудҳои гуногуни чунин маҳсулот ба бозори истеъмолӣ ворид мешаванд», — афзуд манбаъ.
Дар доираи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳифзи бозори истеъмолӣ, риояи талаботи ҳатмии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ – Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, дар ин самт мунтазам аз ҷониби мутахассисони Агентӣ бо воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони молу маҳсулоти ниёзи мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд.
Мутаассифона, аз ҷониби баъзе фурӯшандагон маҳсулоти номбурда бе риояи талаботи барасмиятдарории гумрукӣ ва бе сертификати мутобиқат ба фурӯш бароварда мешавад.
«Бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифат, аз ҷумла либосҳои мактабӣ ва дигар ашёи хониш дар бозору нуқтаҳои савдои мамлакат назорати давлатӣ гузаронида шуда, ба миқдори зиёда аз 250 ҷуфт шиму костюми мактабӣ, 7000 адад дафтар, 300 китобҳои дарсӣ ва дигар ашёи хониш, ки бе сертификати мутобиқат ба муомилот бароварда шудаанд, ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд.
Нисбат ба фурӯшандагон тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тадбирҳои маъмурӣ андешида шуданд», — зикр намуд манбаъ.
АМИТ «Ховар»