Кушодашавии роҳи Душанбе-Хоруғ барои мошинҳои мусофиркаш

Пас аз шаш рӯзи роҳбандӣ, имрӯз барои мошинҳои мусофирбар роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан боз карда шудааст, вале мошинҳои боркаш имкони гузаштан аз ин гузаргоҳро надоранд.
Дар ин хусус Шӯҳрат Шоисматов иҷрокунандаи вазифаи Сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар дода гуфтааст, ки ҳанӯз роҳҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд ва аз ин рӯ ҳаракати ҳар як мошин зери назорати кормандони мо ва Бозрасии давлатии автомобилӣ қарор доранд: “Зеро эҳтимоли фаромадани тармаҳо ва ба муҳлати номуайян баста шудани роҳ ҳанӯз вуҷуд дорад”.
Манбаъ гуфтааст, ки яке аз тармаҳои бузург дар километри 572-юми роҳи Душанбе- Хоруғ то ҳол пурра тоза нашуда, рӯзи сеюм аст, ки роҳсозон ба тоза кардани он машғул мебошанд.
Муҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Шуғнон Ванҷик Пайшанбиев ба хабарнигорон гуфтааст, ки то нисфирӯзӣ мошинҳои мусофирбар аз ин раҳ мегузаранд ва пас аз он техникаву мехнизмҳо ба васеъ кардани роҳ оғоз мекунанд.
Роҳи Хоруғ-Қулма ва Хоруғ- Ишкошим пурра баста буда, дар ин роҳҳо ҳамарӯза се-чор маротиба дар фосилаи хеле дур аз ҳамдигар тармафароӣ ба чашм мерасад ва интиқол додани техника аз як деҳа ба деҳаи дигар вақту фурсати зиёдро талаб мекунад.

Tags: