Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2+3, рӯзона +15+20 ва дар шарқи ин вилоят шабона -9-14 ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок дар назар буда, дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +24+29 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, ҳарорат шабона ба 5+10 ва рӯзона ба +23+28 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар буда, шабона +6+8 ва рӯзона +19+21 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"