Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мулоқот намуд

10 август дар Душанбе котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо   Мушовири амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон   Муҳаммад Ҳаниф Атмар ва ҳайти ҳамроҳонаш  мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз котиботи Шӯрои амнияти мамлакат хабар доданд.

Дар мулоқот масоили амнияти минтақавӣ, ҳамкориҳои ду кишвар оид ба  масъалаҳои мубориза бар зидди таҳдидҳои замони муосир, аз қабили экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими амният дар сарҳади ду кишвар матраҳ гардиданд.

Зимни вохўрӣ густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба доир ба масъалаҳои мавриди назар хотирнишон гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: