Корхонаҳои дӯзандагии ноҳияи Рашт дар пешгирии бемории COVID-19 саҳм мегузоранд

Дар ноҳияи Рашт ҷиҳати пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар корхонаҳои дӯзандагии МХҶ «Мададгор», «Чевар- 2014», «Субҳи Рашт», «Зуҳал», «Наврӯз — 14», «Самад» ва занони ҳунарманди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар хона ба дӯхтани ниқобҳои муҳофизатӣ ва либосҳои махсуси муҳофизатӣ ҷалб гардиданд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода мешавад, то имрӯз бонувони ноҳия 9643 адад ниқоб ва 460 адад либосҳои махсуси муҳофизатӣ омода кардаанд, ки дар умум 10 103 ададро ташкил медиҳад. Ба ин восита теъдоди муайяни духтарони бешуғл ба кор таъмин карда шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: