Дар ноҳияи Панҷ дар назди шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва дар Ҷамоати деҳоти Кабуд Сайфиддинов Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа ифтитоҳ гардиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин маросим муовини Вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода, Раиси ноҳияи Панҷ Маҳмадюнус Сайфуддинзода, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Фарҳод Шодмонзода, сардори ШВКД дар ноҳияи Панҷ Шамсулло Маҳмудзода, намояндаи Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Додли, намояндагони ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар», ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону», аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва аҳли ҷомеа иштирок намуданд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода дар хусуси ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ зикр кард, ки ҷиҳати амалисозии «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 ва «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020» мақомоти корҳои дохилӣ ба натиҷаҳои мусбат ноил гардидааст. «Таъмини шароити мусоид ба кормандон, техникаву таҷҳизоти муосир, таъсиси марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа, Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва ворид намудани баъзе дигаргуниҳо дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ аз зумраи он иқдомоти ҷадиде мебошанд, ки ба рушди ислоҳот мусоидат менамоянд»,-иброз дошт ӯ.
Мавсуф ҳамчунин доир ба Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар ноҳияи Панҷ ибрози андеша намуда, гуфт, ки фаъолияти Шӯрои мазкур дар доираи Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия равона гардида, баҳри тақвият додани механизми ҳамкории милитсия бо ҷомеа, ки маҳаки асосии ислоҳоти милитсия маҳсуб меёбад, мусоидат менамояд.
Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ зикр карда шуд, ки ҳадаф аз татбиқи ислоҳоти милитсия- ин ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад.
АМИТ «Ховар»