10 ноябр ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомади бошукуҳи идона бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик бо ворид шудани Сарвари давлат ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат ва ҳозиринро ба ифтихори ҷашни касбиашон — Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик карда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки «Кормандони милитсияи тоҷик дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри сипаришуда вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташударо бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шуҷоъату мардонагии садҳо нафар кормандони содиқи мақомоти корҳои дохилӣ, ки барои таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомеа ҷоннисорӣ кардаанд, ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки мардуми сипосгузори Тоҷикистон хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медоранд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Ҳукумати мамлакат хизматҳои кормандони мақомотро ҳамеша қадрдонӣ мекунад ва барои беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ тадбирҳои муассир меандешад.
Танҳо дар давоми ҳафт соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 150 фоиз афзуда, музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна якуним баробар зиёд гардидааст. Дар ин муддат беш аз 700 нафар корманд ва оилаҳои бесаробонмондаи кормандони милитсия бо манзили истиқоматӣ ва зиёда аз 2600 нафар бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шудаанд.
Бо фармонҳои Президенти мамлакат дар даврони истиқлолият 60 нафар, аз ҷумла дар ҳафт соли охир 23 нафар бо рутбаҳои олии афсарӣ ва 281 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Таъкид шуд, ки дар давоми ҳафт соли охир даҳҳо иншооту биноҳои маъмурии сохторҳои мақомот, аз ҷумла шуъбаҳои вазорат дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Ваҳдат, Рашт, Шаҳринав, Шамсиддин Шоҳин, Сангвор ва қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ сохта ва ба истифода супорида шудаанд.
Дар шаҳри Душанбе бинои нави Академияи вазорати корҳои дохилӣ бо санъати баланди меъморӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки ҳоло дар он на танҳо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, балки намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ низ таҳсил карда истодааанд.
Дар арафаи иди касбии милитсия бошад, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Душанбе Бинои маъмурии нуҳошёнаи Вазорати корҳои дохилӣ ва Маркази муштарак оид ба муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизм ба фаъолият оғоз кард.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар тавассути таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоту шароити муосир тавсеа бахшидан ба раванди омодасозии кадрҳои баландихтисоси миллӣ мебошад.
Зимни суханронии худ Пешвои миллат оид ба вазъияти мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои минтақа андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки дар чунин шароит милитсияи тоҷик, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиву касбиро аз даст надода, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ ба таври қатъӣ мубориза баранд.
Ҳамзамон дар суханронии худ Сарвари давлат барои таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, гардиши ғайриқонунии силоҳ, таъмини риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва масъалаҳои дигар дар назди мақомоти корҳои дохилӣ вазифаҳои муҳим гузоштанд.
Дар интиҳои суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, дар ҷодаи хизмати бошарафу пурмасъулият ба нафъи давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон ба ҳар яки онҳо саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барори кор орзу намуданд.
Ҷамъомади тантанавиро ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик барномаи рангини консертии устодони санъат ва ҳунармандони ансамбли «Сипар» — и назди Вазорати корҳои дохилӣ хотирнишин кард.