Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург фаъолонеро, ки дар давраи коронавирус ҳамватанонро дастгирӣ менамоянд, қадрдонӣ намуд

Роҳбарон ва фаъолони ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Свердловск, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон кумак менамоянд, 20 сентябр бо ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург.

Маросими супоридани мукофотҳо ҳангоми мулоқоти роҳбарон ва фаъолони ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Свердловск бо иштироки мушовири Сафири Тоҷикистон дар Россия Бахтиёр Сангинов ва намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Россия Абдусаттор Фаттоҳзода баргузор гардид.

Мушовири сафир ба иштирокчиёни мулоқот ифтихорномаҳои сафоратро барои кори фаъол ва пурсамар дар самти расонидани кумаки моддӣ,  маънавӣ ва равонӣ ба ҳамватаноне, ки ҳангоми пандемияи коронавирус ба дастгирӣ сахт ниёз доштанд, тақдим кард.

Инчунин дар мавриди роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва фаъолияти ҷамъият, вазифаҳои муҳими вобаста ба ташкил ва гузаронидани маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия суҳбат доир гардид.

Дар ҷаласа Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода сухан гуфт.

АМИТ «Ховар»

Tags: