Дар Рашт озмуни «Нонпази беҳтарин» ҷамъбаст гардид

Вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар ноҳияи Рашт бо иштироки намояндагону фаъолон ва кадбонуҳои ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт озмуни «Нонпази беҳтарин» баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, дар озмуни «Нонпази беҳтарин» раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода ба  ҳунари нонпазӣ, қолинбофӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, табақтарошию ҳунари косибии иштирокчиёни озмун баҳои баланд дод.

Дар озмуни «Нонпази беҳтарин» ҷои аввал насиби кадбонуҳои ноҳияи Рашт гардида, ҷои дуюм ба бонувони ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш, Нуробод ва ҷои сеюм ба нонпазони ноҳияи Сангвор муносиб дониста шуд.

АМИТ "Ховар"

Tags: