Тайи нимсола варзишгарони Хатлон 736 медал ба даст оварданд

Тӯли шаш моҳи соли равон варзишгарони вилояти Хатлон дар 42 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, 21 мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, ҳамагӣ 736 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 172 медал зиёд мебошад, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси  вилояти Хатлон.
Бояд зикр намуд, ки дар вилоят ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, ҳангоми вохӯрӣ бо варзишгарон корҳои барқароркунӣ ва сохта ба истифода додани як қатор биною маҷмааҳои варзишӣ ба маблағи 124 миллиону 857 ҳазор сомонӣ иҷро гардид.
Инчунин сохтмони 3 маҷмааи варзишӣ, 8 толори варзишӣ, 5 варзишгоҳ ва 73 майдончаи варзишӣ ба маблағи 56 миллиону 768 ҳазор сомонӣ идома доранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: