ҚОҲИР РАСУЛЗОДА: «ОФАТҲОИ ТАБИӢ БА ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН ҲАМАСОЛА САДҲО МИЛЛИОН ДОЛЛАР ЗИЁН МЕРАСОНАНД». Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ намуд

Дирӯз, 27 сентябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода аз минбари Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ намуд. Ӯ доир ба масъалаҳои терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори назар кард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ.

Қоҳир Расулзода доир ба талошҳо барои таъмини субот дар Афғонистон ибрози андеша намуда, инчунин дар бораи таъсири тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар бораи баландшавии ҳарорат, обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши офатҳои табиӣ ёдрас шуд. Сарвазири мамлакат роҷеъ ба рушди гидроэнергетика сухан гуфт.

Терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир – таҳдид ба амнияти Тоҷикистон

«Терроризм ва экстремизм дар баробари ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сулҳу амнияти байналмилалиро халалдор карда, муноқишаҳо ва бесарусомониҳои тамоми минтақаҳоро  пуршиддат месозанд», — гуфт Қоҳир Расулзода.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти мамлакат  тамоми чораҳои имконпазирро барои мубориза бо терроризм меандешад ва чунин мешуморад, ки кӯшиши асосӣ бояд барои аз байн бурдани инфрасохтори низомии терроризми байналмилалӣ, маҳрум сохтани террористон аз ҳама гуна дастгириҳои сиёсӣ, низомӣ ва молиявӣ, пешгирии истифодаи интернет барои «тундгарокунонии шуур», ҷалб ва таблиғи экстремизму зӯроварӣ равона шавад.

Тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддирро яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризм зикр намуда, Сарвазири мамлакат дар бораи ташаббуси Президенти Тоҷикистон оид ба таъсиси гурӯҳи махсус иборат аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои ба ном «масири шимолӣ» сухан ронд. Он бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷалби коршиносон ҷиҳати омӯзиши проблемаҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолият хоҳад кард. Сарвазири Тоҷикистон даъват намуд, ки ин ташаббусро дар СММ дастгирӣ намоянд.

Амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вазъи Афғонистон  сахт вобаста аст

Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таъмини субот дар Афғонистони ҳамсоя алоқамандии зич дорад. «Тоҷикистон, чун ҷумҳурии  дорои сарҳади аз ҳама тӯлонӣ бо Афғонистон, аз рӯзҳои аввали истиқлолият кӯшишҳои пайвастаро барои мусоидат ба истиқрори сулҳ ва субот дар кишвари ба мо дӯст ба харҷ медиҳад», — гуфт Қоҳир Расулзода.

Ӯ дар бораи лоиҳаҳо дар соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба рушди «роҳҳои нақлиётии ду кишвар» марбутанд: Тоҷикистон ва Афғонистон бо таъсиси «пулҳои энергетикӣ» ва таъмини аҳолии Афғонистон бо нерӯи барқ, сухан гуфт.

Тайи даҳсолаи охир дар Тоҷикистон масоҳати пиряхҳо ба таври назаррас коҳиш ёфт

Сарвазири Тоҷикистон ба мушкилоти тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, зикр кард, ки дар Тоҷикистон дар 60 соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво то як дараҷа баланд шуд. Илова бар ин, шумораи рӯзҳои боришотӣ афзоиш ёфта, суръат ва шиддатнокии падидаҳои гидрометеорологии табиӣ зиёд шуданд.

«Танҳо бар асари офатҳои табиии марбут ба об ба иқтисодиёти кишвари мо ҳамасола садҳо миллион доллар зиён мерасад. Офатҳои табиӣ аксар вақт боиси талафоти одамон мегарданд. Таъсири манфии тағирёбии иқлим ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза дар ҷаҳон торафт равшантар мегардад», -гуфт Қоҳир Расулзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон тӯли даҳсолаи охир коҳиши назарраси масоҳати пиряхҳо, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ ҳаётан муҳим аст, ба қайд гирифта шудаанд. «Дар ин робита, мо таҳкими ҳамкории байни кишварҳоро дар бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ тавассути таҳияи чораҳои пешгирӣ ва таъсиси фондҳои мувофиқ барои расонидани кӯмак ба кишварҳои ниёзмандро зарур мешуморем. Инчунин зарур аст, ки кор дар самти мониторинги пиряхҳо, барф ва дигар манбаъҳои об таҳким бахшида шуда, доир ба ҳифзи онҳо барои наслҳои оянда чораҳои муассир андешида шаванд», -даъват намуд Сарвазир.

Тоҷикистон – ҷонибдори истифодаи васеи гидроэнергетика

Ба гуфти Сарвазири мамлакат, бояд рушди иқтисодиёти «сабз», бахусус энергияи «сабз» ба сифати омили муҳими рушди устувор ҳамаҷониба ташвиқ карда шавад. «Истифодаи васеи энергияи барқароршаванда, асосан — гидроэнергетика, ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, бо сатҳи пасттарини партовҳои зараровар ба атмосфера, мусоидат мекунад. Заминаи энергетикии  мамлакатро неругоҳҳои барқи обӣ, ки тақрибан 98% неруи барқро тавлид мекунанд, ташкил медиҳанд», — гуфт намояндаи Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳи таҷдид ва афзоиш додани иқтидорҳои нерӯгоҳҳои мавҷуда, бунёди НБО-ҳои нав, инчунин ҷорӣ намудани усулҳои муосири сарфаи энергия чораҳои ҳамаҷонибаро барои мувозинати истеҳсолот ва истеъмоли барқ меандешад.

АМИТ «Ховар»

Tags: