Дирӯз дар шаҳри Душанбе Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулотимашруботии «Сиёма» ба имзо расид.
Созишномаро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамрализода ва директори генералии ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» Муҳаммад Мирзо ба имзо расониданд.
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки татбиқи лоиҳа бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назири саноатикунонии кишвар, ки аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадафи чорум эълон гардидааст, равона шудааст.
Лоиҳа дар ду марҳила татбиқ гардида, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 10 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Маблағгузории асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашӣ, сохтмони корхона, харидории техника ва технологияи зарурии истеҳсолӣ, сохтмони инфрасохтори зарурӣ аз ҷониби «Авесто Гурӯҳ» анҷом дода мешавад.
Муҳлати амали созишнома аз рузи тасдиқ гардидани он аз ҷониби Маҷлиси намояндагон 10 солро дар бар гирифта, зимни татбиқи лоиҳа талаботи сохтмонӣ, бехатарӣ ва экологии кишвар аз тарафи сармоягузор пурра риоя мегардад.
АМИТ «Ховар»