Қоҳир Расулзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дидан намуд

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти он аз наздик шинос гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин боздид Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Қоҳир Расулзода дар Академияи мазкур ҷаласаи сайёр доир намуда, ҷиҳати вусъат додани корҳои сохтмонӣ ва бо сифати баланд ба истифода додани бинои нави Академияи ВКД ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки оид ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, тозаю озода намудани атрофи бинои мазкур ва шинонидани гулу дарахтони ороишӣ вусъат дода шаванд.
Қобили зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Академияи ВКД босуръат идома дошта, сохтмончиён бо тамоми масолеҳи сохтмонӣ ва шароити маишӣ таъмин мебошанд.

Tags: