КҲФ ва МГ Тоҷикистон зарари низои мусаллаҳонаро дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон муайян мекунад

Дар муқовимати низомии рӯзҳои охир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 14 хона дар ноҳияи Исфара пурра тахриб шудааст. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, ки дар ҷойи ҳодиса фаъолият дорад, мегӯяд ду хона ва як иншооти ёрирасон ҳам дар ин ноҳия қисман зарар дидаанд.

Бо мақсади муайян намудани ҳаҷми зарари расида дар натиҷаи зиддиятҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон роҳбарияти Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  якҷо бо Комиссияи шаҳрии ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хонаҳои харобшудаи се ҷамоати шаҳри Исфара: Сурх, Ворух, Чоркӯҳ ва деҳаи Овчикалъачаи Бобоҷони ноҳияи Ғафурови вилояти Суғдро баррасӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти пешакии Комиссия маълум шудааст, ки рӯзҳои муқовиматҳои низомӣ дар қаламрави се ҷамоати деҳоти ноҳияи Исфара 14 хонаҳои истиқоматӣ пурра хароб шудаанд. 2 хона ва 1 иншооти ёрирасон низ қисман тахриб шудаанд. 

Ҳамчунин, бинои як мактаби таҳсилоти умумӣ ва як хонаи истиқоматӣ дар қаламрави деҳаи Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ  қисман зарар дидаанд.

Комиссияи эвакуатсионии шаҳри Исфара, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ҷ. Расулов ​​ва  Спитамен якҷо бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд тақрибан 15 ҳазор сокини маҳаллиро, ки дар минтақаи низоъ мондаву ба ҳаёташон хатар таҳдид мекард,  ба ҷойҳои бехатар кӯчонданд. Дар айни замон, ҳамаи онҳо ба ҷойҳои истиқомати доимии худ баргардонида шуданд.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулода ба кори худ идома медиҳад.

АМИТ «Ховар»

Tags: