Дар шашмоҳаи якуми соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 9393,8 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз зиёд аст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Вазир ҳамчунин зикр кард, ки афзоиш дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 8,5 ва 7,5 фоизро ташкил кард. Тибқи маълумоти оморӣ, майдони умумии кишти зироат 857 ҳазор гектарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади самаранок ва оқилона истифода бурдани замин дар 61 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 ҳазор гектар зиёд аст.
«Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти асосии кишоварзӣ афзуда бошад ҳам, вале истеҳсоли картошка 22,2 (116,3 дар ҳамин давраи соли гузашта) коҳиш ёфт. Дар ин давра дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 2,1 ҳазор гектар боғ ва 389 гектар токзор бунёд гардидааст, ки бунёди боғ 86 фоиз ва токзор 86 фоизи дурнамои пешбинигардидаро ташкил медиҳад», — илова намуд Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода.
Дар нишаст инчунин гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷумҳурӣ 96,4 ҳазор тонна бо арзиши 12,7 млн. доллар меваю сабзавот содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,2 ҳазор тонна ва арзиши содиротии маҳсулоти кишоварзӣ 3,8 млн. доллар зиёд гардидааст.
Аз ҷумла, содироти пиёз дар ин давра 77,6 ҳазор тонна бо арзиши 6,6 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,3 ҳазор тонна ё 3,1 млн. доллар афзоиш ёфтааст.
Содироти хушкмева дар давраи ҳисоботӣ 9,0 ҳазор тоннаро бо арзиши 3,6 млн. доллар ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 ҳазор тонна ва ифодаи арзиши он 1,1 млн. доллар зиёд гардид.
АМИТ «Ховар»