«Забони тоҷикӣ» — таҳти ин унвон китоби устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Саидмуроди Хоҷазод дар асоси қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни равияи табиӣ ва риёзӣ таълиф гардидааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд, китоби дарсӣ фарогири грамматикаи забони тоҷикӣ, махсусан имлои забони тоҷикӣ, матнҳо барои ихтисосҳои риштаи табиӣ-риёзӣ, пурсиш, машқу супоришҳои марбут ба мавзуъ, байтҳои пандуахлоқӣ мебошад, ки дар асоси усулҳои нави омӯзиши фанни забони тоҷикӣ дар ҳамоҳангӣ бо ихтисосҳо навишта шудааст.
Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, матнҳои тахассусӣ ва супоришҳо, усули таълифи санадҳо, луғат ва маводи ёрирасони дидактикӣ барои тақвияти донишҳои назарӣ ва таҳкими фаъолияти амалии донишҷӯён мусоидат менамоянд.
Китоб барои устодон, донишҷӯён, коргузорон, пажуҳишгарон ва ҳаводорони забони тоҷикӣ ба ҳайси маъхази муътамад ва дастури муфид хизмат менамояд.
Хотиррасон менамоем, ки имсол ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон шаш китоби дарсии устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгориро ба нашр тавсия намуд, ки ҳамаи онҳо бо дастури ректори донишгоҳ ройгон чоп гардиданд.