Ҳозирини муҳтарам!
Дар соли таҷлили биступанҷсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода супоридани садҳо иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва оғози бунёду азнавсозии даҳҳо иншооти дигар, аз ҷумла инфраструктураи гидроэнергетикӣ гувоҳи равшани таҳкими заминаҳои рушди иқтисодии кишвари соҳибихтиёрамон ва қадамҳои устувори халқамон ба сӯи ояндаи ободу осуда мебошад.
Бо вуҷуди имкониятҳои азими гидроэнергетикие, ки кишвари мо дорад, ҳоло мо танҳо панҷ фоизи онҳоро истифода бурда истодаем.
Ва тавре ки маълум аст, солҳои тӯлонӣ мардум ва соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат аз норасоии нерӯи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон танқисӣ мекашанд.
Бояд гуфт, ки то имрӯз дар натиҷаи татбиқи 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар самти рушди соҳаи энергетика шиддати норасоии нерӯи барқ хеле коҳиш ёфтааст ва ин ниҳояти кор нест.
Ҳоло корҳои сохтмон дар иншооти азиму стратегии кишвар — нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва таҷдиду азнавсозии иншооти дигари энергетикӣ вусъати тоза пайдо карда, ҳадафи асосӣ аз ин раванд пурра таъмин намудани талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат бо нерӯи барқ дар тамоми фаслҳои сол мебошад.
Бо ин мақсад, дар солҳои соҳибистиқлолӣ, дар маҷмӯъ, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои навро ба истифода супоридем.
Аз рӯи ҳисобҳо барои бунёди инфрасохтори нави энергетикӣ, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо дар зарфи солҳои истиқлол сеюним миллиард сомонӣ масраф шудааст.
Инчунин, барои ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ 8,6 миллиард сомонӣ ва барои таҷдиду азнавсозии таҷҳизоту шабакаҳои мавҷуда, бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода ва баҳисобгирии нерӯи барқ зарур аст, ки қариб якуним миллиард сомонӣ сарф намоем.
Мо азми қатъӣ дорем, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо рушди соҳаи энергетикаро таъмин кунем.
Зеро фақат бо ҳамин роҳ талаботи аҳолиро ба нерӯи барқ пурра қонеъ гардонида, раванди болоравии иқтисодиётро аз ҳисоби нерӯи барқи нисбатан арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин карда метавонем.
Дар робита ба ин, махсус таъкид месозам, ки мо дар баробари бунёди инфраструктураи нави энергетикӣ барои дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсоли нерӯи барқ, ки даҳсолаҳо хизмат карда, хеле фарсудаву таъмирталаб шудаанд, пайваста талош мекунем.
Тибқи қарори Ҳукумати мамлакат таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии “Норак”, “Сарбанд” ва “Қайроққум” ҳамчун лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи энергетика тасдиқ гардидааст.
Марҳалаи якуми таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” бо ҷалби зиёда аз 560 миллион сомонӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд соли оянда оғоз мегардад.
Марҳалаи дуюми лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Норак” низ омода шуда, оғози корҳои он дар соли 2017 ба нақша гирифта шудааст.
Имрӯз мо ба муносибати шурӯъ гардидани корҳои таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд”, ки яке аз иншооти асосии бо барқ таъминкунандаи калонтарин вилояти кишвар, яъне вилояти Хатлон мебошад, ҷамъ омадаем.
Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” бо иқтидори лоиҳавии 240 мегаватт чорумин иншооти калони энергетикии кишвар мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки нерӯгоҳ солҳои 60 — уми асри гузашта аз ҷумлаи калонтарин иншооти барқии минтақа ба шумор мерафт.
Дар нерӯгоҳи мазкур аз ҳамон вақт то имрӯз, яъне дар давоми қариб шаст сол ба ҷуз аз таҷдиди як агрегат дигар ҳеҷ гуна корҳои таҷдиду азнавсозӣ анҷом дода нашудаанд ва дар шароити кунунӣ иқтидорҳои дастраси он ба 160 мегаватт баробар мебошанд.
Бо сабаби аз кор мондани низоми назорат ва танзими баландшавии об солҳои 1993 — 1994 агрегати дуюм қисман зери об монда буд.
Бинобар ин, соли 2013 байни Ҳукумати кишвар ва Бонки Осиёии Рушд оид ба амалӣ намудани лоиҳаи «Таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд» Созишномаи грантӣ ба маблағи зиёда аз як миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд.
Ҳамзамон бо ин, бо дастгирии молиявии бонки зикршуда асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳа омода карда шуда, бо ҷалби ширкатҳои байналмилалӣ ҳуҷҷатҳои тендерӣ омода ва ширкати пудратчӣ интихоб гардид.
Корҳои таҷдиду азнавсозии нерӯгоҳ аз тарафи яке аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин – Ширкати «Синохайдро» амалӣ гардида, тибқи қарордод дар зарфи чор сол ба анҷом расонида мешаванд.
Вобаста ба ин, хотирнишон менамоям, ки тамоми ҷараёни омодагӣ барои оғози лоиҳа ва татбиқи минбаъдаи он ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.
Мувофиқи созишнома лоиҳа аз ду қисмат иборат буда, дар даври якуми он пурра иваз кардани 3 агрегат, қисман барқарор сохтани 2 агрегат, иваз намудани 2 трансформатор, бинои нави идоракунӣ ва дигар корҳои ба он алоқаманд ва дар қисмати дуюми лоиҳа таҷдиди дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110 киловолта пешбинӣ гардидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки агрегати чоруми нерӯгоҳ дар давоми солҳои 2010-2012 ба маблағи зиёда аз 100 миллион сомонӣ пурра иваз карда шуда буд.
Мувофиқи пешгӯии мутахассисон дар натиҷаи татбиқи лоиҳа иқтидори нерӯгоҳ ба 252 мегаватт бардошта мешавад, яъне қариб 100 мегаватт иқтидори иловагӣ ба вуҷуд омада, сатҳи хизматрасонӣ дар нерӯгоҳ, инчунин таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт бо нерӯи барқ ба таври назаррас беҳтар хоҳад гардид.
Бинобар ин, сохтору мақомоти дахлдор ва ширкати пудратиро зарур аст, ки бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонидани корҳои таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳро таъмин намояд.
Бо истифода аз фурсат, мо барои ҳамкориҳои самарабахш ва кумаку дастгирӣ дар бахшҳои муҳимми иқтисодиёти кишварамон, махсусан, дар соҳаи энергетика ба шарики боэътимоду калидии худ — Бонки Осиёии Рушд изҳори сипос менамоем.
Маҳз бо дастгирии ин созмони бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ дар давоми солҳои истиқлолият барои рушди соҳаи энергетикаи кишвар зиёда аз сеюним миллиард сомонӣ (баробар ба 430 миллион доллари амрикоӣ) ҷудо гардидааст, ки 85 фоизи онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд.
Саҳми Бонки Осиёии Рушд хусусан, дар сохтмон ва барқарорсозии иншооти энергетикии вилояти Хатлон ва таҷдиди шабакаҳои барқии мамлакат, аз ҷумла насби ҳисобкунакҳои барқӣ, сохтмони хатҳои интиқоли барқи баландшиддати — 220 киловолтаи «Тоҷикистон – Афғонистон», «Геран – Румӣ», дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 — киловолта дар нерӯгоҳи барқи обии «Норак» ва зеристгоҳи барқи баландшиддати 220 — киловолтаи «Геран-2»,
амалигардонии корҳои азнавсозӣ дар нерӯгоҳҳои барқи обии «Бойғозӣ», «Марказӣ» ва тоза намудани поёноби нерӯгоҳи барқи обии «Норак» бузург буда, барои ин мақсадҳо ин созмони бонуфуз қариб 900 миллион сомонӣ (110 миллион доллари амрикоӣ) маблағгузорӣ намудааст.
Шумо, энергетикҳо ва сохтмончиёни заҳматдӯсти Ватан бояд дар хотир дошта бошед, ки ширкаткунандагони фаъоли раванди созандагиву ободкории кишвари азизамон мебошед.
Заҳмати фидокоронаи ҳар яки шумо дар баробари ҳалли мушкилоти энергетикии Тоҷикистон боиси боз ҳам пешрафта гардидани сарзамини аҷдодӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар мегардад.
Итминони комил дорам, ки баробари дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд анҷом додани таҷдиду барқарорсозии ин нерӯгоҳ ва амалисозии дигар лоиҳаҳои энергетикии кишвар мушкилоти норасоии нерӯи барқ дар мамлакат пурра ҳаллу фасл шуда, истиқлолияти энергетикии мамлакат таъмин мегардад ва заминаи боэътимоди рушди босуботи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат гузошта мешавад.
Дар фарҷоми сухан, бори дигар ба шарики боэътимодамон – Бонки Осиёии Рушд арзи сипос намуда, ба муҳандисону сохтмончиён, барқчиён ва ҳамаи онҳое, ки дар таҷдиду барқарорсозии иншооти муҳимми имрӯза саҳм мегузоранд, саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу менамоям.
Ҳамеша пирӯзу саодатманд бошед!