Кишоварзони шаҳри Ҳисор азм доранд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 600 гектар картошка кишт намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм гузоранд. Тибқи иттилои масъулини Раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор, то имрӯз аллакай дар майдони 65 гектар картошка кишт намудаанд. Дар заминҳои аз ҳосили якум холӣ гардида кишти картошка босуръат идома дорад.
Ҳамзамон чанде пеш дар ҳудуди шаҳри Ҳисор вобаста ба кишти такрории картошка ва парвариши он дар қитъаҳои замини шаҳри Ҳисор бо иштироки директори Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Ҳикматулло Назиров, муовини раиси шаҳр оид ба соҳаи кишоварзӣ Ҷаббор Носирзода, раисони хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд.
Ҳикматулло Назиров зимни баргузории семинарҳои омӯзишӣ парвариш, интихоби тухмӣ, сабзиши он, киштгардони замин, шинонидани картошка ва қоидаҳои аграрии нигоҳубини онро бо рақаму далелҳои ҷолиб барои кишоварзон шарҳу эзоҳ дода, гуфт, ки танҳо бо кишти картошка ҳосили хубро умедвор шудан аз рӯи адолат набуда, бояд хоҷагидорон ҳамаи нозукиҳои парвариши картошкаро риоя намоянд.
Зимни семинарҳои омӯзишӣ тавассути техникаҳои замонавӣ дар 6 гектар замини хоҷагии деҳқонии «Қодир-1» кишти такрории картошка гузаронида шуд.
Тавре раиси Ҷамоати деҳоти Навобод Эраҷ Турдиев иброз дошт, тибқи нақша дар ҷамоат дар 46 гектар замини корам кишти такрории картошка гузаронида мешавад. Барои иҷрои он қитъаи зарурии замин интихоб гардидааст.
АМИТ «Ховар»