«Ту беҳтарин!»: Меҳрона Ғайбуллоева ба ғолибият наздик мешавад

Донишҷўи курси 1-уми шуъбаи сурудхонии академии Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе» ба номи Аҳмад Бобоқулов Меҳрона Ғайбуллоева, дар Озмуни байналмилалии телевизионии вокалии «Ту беҳтарин!»-и ширкати телевизионии НТВ-и  Федератсияи Россия ширкат варзида, ба даври дуюми мавсими дуюм роҳ ёфт.

Тавре муовини директор оид ба таълими Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе Баҳром Назаров зимни суҳбат иттилоъ дод, Меҳрона Ғайбуллоева  бо садои дилнишин ва лаҳни гуворои худ аҳли толорро мафтун намуда, баҳои баланди доваронро сазовор гардида, ба даври дуюми мавсими дуюми ин озмун баромад.

Ба гуфтаи Баҳром Назаров, ҷамъбасти озмун моҳи равон дар назар дошта шуда, дар ҷамъбасти ниҳоӣ аз ҷониби ташкилкунандагони озмун консерти калон доир карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар озмуни мазкур 82 навраси 8-18-сола аз Россия, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова, Латвия, Эстония, Қазоқистон, Осетияи Ҷанубӣ, Германия ва Сурия иштирок намуданд.

​АМИТ "Ховар"