ТВТ. 20.08.2022. 21 август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ, ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ бар асари об шудани пиряхҳо хатари омадани селҳо таҳдид мекунад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки эҳтиёткор бошанд. Барои пешгирӣ аз ҳар гуна хатари эҳтимолӣ селроҳаҳо, каналҳо ва ҷӯйборҳои назди хонаҳояшонро аз хасу хошок ва партовҳо тоза намоянд.
Инчунин тавсия дода мешавад, ки дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум, алафдаравӣ, чорвочаронӣ ва ба соҳили рӯдхонаҳо барои моҳидорӣ худдорӣ намоянд.
Ба кӯҳнавардон, гардишгарон ва ронандагон маслиҳат дода мешавад, ки ҳангоми сафар дар роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ эҳтиёт бошанд, бахусус ронандагон бояд қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳро ҷиддӣ риоя намоянд.
Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар сурати рух додани ягон ҳодисаи фавқулода бо рақамҳои 112 ва ё 93 880 28, 223 13 11, ки шабонарӯзӣ фаъоланд, муроҷиат намоянд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»