«Ҳосилот» ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқоти Лигаи олӣ баромад

Дирӯз вохӯрии даври дуюми чемпионати мамлакат байни дастаҳои «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва «Ҳосилот»-и Фархор дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо натиҷаи 0:3 бо ғалабаи футболбозони ноҳияи Фархор ба анҷом расид ва бо 6 имтиёз «Ҳосилот» ба садри ҷадвали мусобиқот баромад.
Нимаи аввали вохӯрӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн сурат гирифт. Беҳтарин нишонзани Лигаи якуми мавсими соли гузашта Абдухалил Боронов ду маротиба бо дарвозабони «Ҳосилот» Рустам Ризоев як ба як баромада, ҳолати садфоизаи голзаниро барҳам зад. Дар ин вохӯрӣ таҷрибаю малака «Ҳосилот»-ро ба сӯи ғалаба роҳнамун сохт ва Муҳаммадҷони Ҳасан дар дақиқаи 33-юм ҳисобро кушод. Баъди танаффус Агблей Ҷонс (дақиқаи 82-юм) ва Наврӯз Рустамов (84) ҳам шонси гозании худро истифода бурда, натиҷаро ба 3:0 расониданд.
«Ҳосилот» баъди ду ғалаба дар оғози мавсим ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқот баромад.
Аз сабаби иштироки чемпиони мамлакат-«Истиқлол»-и Душанбе дар бозии Ҷоми КФО бо дастаи «Дордой», ки имрӯз соати 18:30 дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор мешавад, бозии даври дуюми «Истиқлол» бо КМВА «Помир» ба рӯзи эҳтиётӣ гузаронида шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: