Ҳиндустон ва Покистон мубодилаи рӯйхати иншооти ҳастаӣ намуданд

Дар оғози соли 2019 Ҳиндустон ва Покистон мубодилаи рӯйхати иншоот ва воситаҳои ҳастаӣ намуданд. Ин амал дар асоси шартномаи соли 1988 оид ба пешгирии ҳамла ба чунин иншоот сурат гирифт. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон иттилоъ дод.

Тавре дар иттилоия гуфта мешавад, мубодила тавассути роҳҳои дипломатӣ сурат гирифтааст.

Шартнома пешбинӣ намудааст, ки ду қудрати ҳастаии ҳамсоя дар Осиёи Ҷанубӣ дар оғози ҳар сол якдигарро дар бораи иншооти ҳастаии ҳудуди худ ба хотири пешгирӣ аз ҳамлаҳои беиҷозат огоҳ менамоянд. Ин яке аз муҳимтарин тадбирҳо барои ҳифзи амнияти минтақа мебошад.

Мубодилаи нахустини чунин санадҳо 1 январи соли 1992 сурат гирифта буд.

АМИТ «Ховар»

Tags: