Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 10 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр шуда боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 13-18 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм шуда, дар шарқи ҳамин вилоят гармии ҳаво шабона ба 4-9 ва рӯзона ба 13-18 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон гармии ҳаво дар водиҳо шабона 21-26 ва рӯзона 36-41 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ борон меборад. Ҳарорат шабона 20-25 ва рӯзона ба 34-39 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат шабона ба 17-22 ва рӯзона ба 36-41 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр шуда, ҳарорат шабона 18-20 ва рӯзона 37-39 дараҷаро ташкил медиҳад.
АМИТ "Ховар"