Ҳайати вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон аз дарғоти Канали калони Ҳисор дидан намуд

Ҳайати кории вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии раиси вилоят Тура Боболов дар доираи ҳамкории байнидавлатӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф овард. Дар гузаргоҳи сарҳадии «Дӯстӣ» ҳайати кориро раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода дар фазои танатанавӣ пешвоз гирифт. Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри  Турсунзода Фирӯз Холиқов  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Аъзои ҳайати корӣ доир ба ҳамкории судманд дар самти истифодаи самараноки захираҳои обӣ бо раиси шаҳр суҳбат ороста, аз манбаъҳои обии шаҳр ва дарғоти Канали калони Ҳисор дидан намуданд. Дар натиҷаи ҳамкории судманди тарафайн барои тоза намудани каналҳо аз вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон техника сафарбар гардида, қисмати дар натиҷаи сел зарардидаи дарғоти Канали калони Ҳисор аз таъмир бароварда шуд.

Канали калони Ҳисор яке аз калонтарин шабакаи обёрӣ дар водии Ҳисор ба ҳисоб рафта, аз дарёи Душанбе (Варзоб) сарчашма гирифта, то дарёи Қаратоғ ба масофаи 50 км тӯл кашидааст. Канал замини ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, шаҳри Турсунзода ва заминҳои ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистонро бо об таъмин менамояд. Канал солҳои 1938-1942 ба таври дастӣ ва тариқи ҳашар бо иштироки беш аз 100 ҳазор нафар колхозчиён бунёд гардида, 12 сентябри соли 1942 мавриди истифода қарор гирифтааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: