16 октябр дар шаҳри Нурсултон 12-умин Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея — Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Форум манфиатдории Тоҷикистонро ба рушди ҳамкории гуногунҷанба дар доираи Форум ва истифодаи имконоти он дар таҳкими ҳамкорӣ ва рушди устувор дар минтақа таъкид намуд.
Дар доираи Форум ҷаласаҳои алоҳида роҷеъ ба масъалаҳои стандартизатсия, обу энергетика, иқтисоди сабз ва фанноварии иттилоотӣ баргузор гардиданд.
Иштирокдорони ҷаласа аҳамияти масъалаҳои баррасишударо таъкид намуда, татбиқи лоиҳаҳои мушаххасро, ки манфиатҳои умумии кишварҳои узви Форумро таҷассум мекунанд, зарур шумориданд.
Дар интиҳои чорабинӣ Изҳороти муштарак ва Нақшаи кории Котиботи Форум барои соли 2020 қабул шуданд.
АКС ВКХ ҶТ
АМИТ «Ховар»