Имрӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи чоруми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё ба шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард.
Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари худ бо чанде аз раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ хоҳад кард.
«Дар назар аст, ки имрӯз Шукурҷон Зуҳуров бо раисони парлумонҳои Қирғизистон, Молдова ва Афғонистон мулоқот намояд», — афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар кори ҷаласаи чоруми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё намояндагони 67 давлат, аз ҷумла раисони парлумонҳои 46 мамлакати дунё иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайати Парлумони Тоҷикистон ду рӯз идома ёфта, Шукурҷон Зуҳуровро вакилони мардумӣ Бахтовар Сафарзода, Аҳмадҷон Қобилов, инчунин Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Муғулистон Хайрулло Ибодзода ҳамроҳӣ менамоянд.
АМИТ «Ховар»