Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 55 нафар ятими кулл ва маъюб, ки тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд, мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин кӯдакону наврасони бо амри тақдир аз меҳри гарми волидайн маҳруммондаро ба муносибати оғози соли нави таҳсил табрику таҳният гуфта, ба онҳо хониши хубу аъло орзу карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан туҳфаҳоро, ки аз кумакпулӣ ва сару либос иборат буд, ба ҳар яки онҳо тақдим намуданд. Ҳамчунин дар ин рӯз ба хотири шодию нишоти ятимону маъюбон дастархони идона ороста шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ятим суҳбати самимӣ доир намуда, зикр карданд, ки табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ зери таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ҳукумати мамлакат барои таҳсил ва фаъолияти онҳо ба таври ҳамешагӣ тадбирандешӣ намуда, ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки ин қишри ҷомеа худро бекасу танҳо ҳис кунанд.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ятимону маъюбон имтиёзҳои махсус муайян гардида, онҳо тибқи Квотаи президентӣ бе имтиҳон ба муассисаҳои олии мамлакат барои идомаи таҳсил қабул карда мешаванд.
Хонандагон дар навбати худ ба Сарвари раъиятпарвар барои ҳамаи дастгириҳо ва шароити созгори зисту таълим изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки бо истифода аз шароити муҳайёнамудаи давлат ва Ҳукумати мамлакат таҳсилро бо баҳои хубу аъло идома дода, дар оянда шахсони соҳибмаълумоту донишманд ба воя мерасанд ва дар ободониву пешрафти Тоҷикистон саҳм мегузоранд.
АМИТ «Ховар»