Рӯзи 24 ноябр бар асари ҳамла ба масҷиди Ал-Равда дар шаҳри Бир-ал-Обид дар нимҷазираи Синайи Миср беш аз 235 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Силоҳбадастон бо бомбу силоҳҳои оташфишон ҳангоми намози ҷумъа, вақте ки масҷид пуродам буд, ҳамла кардаанд, хабар медиҳад “Би-би-си”.
Шоҳидон мегӯянд, афроди мусаллаҳ аз чор мошини «Ҷип” болои намозгузорон дар масҷиди шаҳри Бир-ал-Обид дар минтақаи Ал-Ариши нимҷазираи Синайи Миср ҳамла карданд. Ҳамла дар соати намози ҷумъа ва вақте сурат гирифт, ки масҷиди Бир-ал-Обид пуродам буд. Ба гуфтаи шоҳидон, баробар бо тирпарронӣ дар дохили масҷид бомбро низ мунфаҷир кардаанд.
Хабаргузории давлатии Миср хабар дод, ки бар асари ҳамлаи рӯзи ҷумъаи 24 ноябр дар нимҷазираи Синай дастикам 235 нафар кушта шудаанд. Вазорати тандурустии Миср гуфт, ҳудуди 75 нафари дигар дар ин ҳамла ҷароҳат бардоштаанд
Ба дунболи ҳамлаи ахир, мақомоти Миср гузаргоҳи марзии тоза бозшуда бо сарзаминҳои фаластинии навори Ғазаро дигарбора бастанд.
Масъулияти ҳамлаи хунин дар масҷиди Бир-ал-Обидро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст. Вале нимҷазираи Синай кайҳо боз ба яке аз ҷабҳаҳои асосии набардҳои мусаллаҳона байни артиши Миср ва тундравони исломӣ табдил ёфтааст.
АМИТ "Ховар"