Дар Академияи ВАО бахшида ба рӯзи таъсиси телевизиони тоҷик ҳамоиши илмӣ доир гардид

Имрӯз бахшида ба рӯзи  таъсиси телевизиони Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи «Нақши телевизиони Тоҷикистон дар рушди босуботи кишвар» баргузор гардид.

Дар он кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони телевизион, журналистону роҳбарони шабакаҳои телевизионии кишвар  ва коршиносони соҳа иштирок намуданд. Дар ҳамоиш масъалаҳои марбут ба таърихи пуршарафи телевизиони Тоҷикистон, рушди он дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсеаи  технологияҳои муосири телевизионӣ ва усулҳои беҳтар намудани муҳтавои барномаҳо матраҳ гардиданд.

Мусаллам аст, ки 3 октябри соли 1959 аввалин маротиба телевизиони Тоҷикистон ба пахши барномаҳои худ оғоз кард. Алҳол  шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон  дар зарфи 24 соат барномаҳоро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ ва арабӣ   тавассути пахши рақамӣ ва моҳвораӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ пешкаши тамошобинон мегардонанд.

Tags: