Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Корея дар самтҳои тиҷорату иқтисод баррасӣ гардид

26 ноябр дар чорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Корея (EXIMBANK) Мун Кю Банг мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар самтҳои тиҷорату иқтисод, молияву бонкдорӣ, сармоягузорӣ, ҷоннок намудани бахши хусусӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: