Дар Мосул беш аз 20 ҳазор нафар хонаҳои худро тарк карданд

Беш аз 20 ҳазор нафар маҷбур шуданд, ки пас аз оғоз гардидани амалиёти озоднамоии шаҳри Мосули Ироқ аз террористони ДИ хонаҳои худро тарк созанд. 10 ҳазор нафари онҳо кӯдакон мебошанд, ки фавран ба кумаки зарурӣ эҳтиёҷ доранд. Дар ин бора АИР «Новости» бо истинод ба изҳороти Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ хабар медиҳад.
«Наздики 20 ҳазору 700 нафар маҷбур шуданд, ки баъд аз оғози амалиёти озоднамоии Мосул (аз 17 октябр) хонаҳои худро тарк созанд. Бино ба ҳисоби ЮНИСЕФ, 9.700 нафари онҳо кӯдакони ба кумаки фаврӣ эҳтиёҷдошта мебошанд», — гуфта мешавад дар иттилоияи Хазина.
Ёдовар мешавем, амалиёти озоднамоии шаҳри Мосул аз террористони ДИ шаби 17 октябр оғоз гардид. Низомиёни Ироқ, неруҳои маҳаллӣ, қувваҳои пешмаргаи курдӣ ва инчунин қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА ба шаҳр ҳамлаи густурда мебаранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: