Ҳаким Фузайлов ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барои бозӣ бо дастаи Непал муайян кард

Сармураббии дастаи  мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов 22 футболбозро барои омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ба муқобили дастаи мунтахаби футболи Непал, ки 5 сентябр баргузор мешавад, даъват намуд. Ба ҳайати  дастаи  мунтахаб 22 футболбоз: 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 ниммуҳофизатгар ва 2 ҳамлавар шомил шудаанд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби Непал ва Тоҷикистон 5 сентябр дар майдони Ассотсиатсияи футболи Непал дар шаҳри Катманду соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ ( соати 14:15 ба вақти Душанбе) баргузор мегардад.

АМИТ "Ховар"