ҲАДИСИ МУСАВВАР. Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон калонтарин иншооти Туркия ва Русия бо лавҳаҳои ҷашнӣ ва рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон оро ёфтанд

ТВТ.12.09.2022. Бо ташаббуси Сафорати ҶТ дар Ҷумҳурии Туркия 9 сентябри 2022 бо мақсади арҷ гузоштан ба Истиқлоли давлатӣ ва таҷлили 31-умин солгарди он, парчами Тоҷикистон дар баландтарин бинои шаҳри Анкара, Türkiye Odalar ve Borsalar Birliği-ТOBB (Иттифоқи Палатаи Молиявӣ ва Биржаҳо) ва дарозтарин пули шаҳри Истанбул – пули машҳурии Босфор (Boğaz küprüsü) намоиш дода шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД аз шаҳри Истанбул.

Ёдовар мешавем, ки бинои Маркази Иттифоқи Палатаҳои савдо ва биржа, ки соли 1950 таъсис ёфтааст, дар пойтахти Туркия дар кӯчаи Думлупинар 252 ҷойгир буда, феълан дар ин иттиҳодия 365 намояндагиҳои савдо ва биржаҳои молӣ фаъолият доранд.

Пули Босфор (Boğaziçi Köprüsü), бо дарозии 1560 метр, яке аз се пули овезон ва аввалин пули Босфор аст, ки Аврупо ва Осиёро мепайвандад.

Инчунин  9 сентябр бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба ифтихори таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар медиа-фасадҳои биноҳои шаҳри Москва ва дохили фурудгоҳҳо лавҳаҳои ҷашнӣ бо суханони табрикотӣ намоиш дода шуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

 

Tags: