Дар Душанбе корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии «Артел Авесто Электроникс» ба истифода дода шуд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии  «Артел Авесто Электроникс» ба истифода дода шуд, ки  дар маросими ифтитоҳи он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри  Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов иштирок намуда, бо раванди истеҳсолот дар корхонаи муштарак шинос гардиданд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи августи соли 2018   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Артел»-и Ӯзбекистон  шинос гардида, барои ба роҳ мондани истеҳсолоти мазкур дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳавасмандӣ зоҳир намуда буданд. Бо мақсади иҷрои ҳидоятҳои Пешвои миллат байни ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» ва ширкати Ӯзбекистон «Artel Engineering and Management» ҷиҳати муайян намудани иқдомҳои минбаъда  гуфтушунидҳо   доир гардида, барои  ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин самт  мувофиқа ҳосил гардид. Дар натиҷаи  гуфтушунидҳои дуҷониба ва ташрифи роҳбарону мутахассисони ҳар ду ширкат якчанд маротиба ба шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд  қарор қабул гардид, ки   дар ҳамкорӣ бо ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» корхонаи муштарак таъсис  дода шавад.

Моҳи феврали соли 2019 корхонаи муштаркаи «Артел Авесто  Электроникс» дар шакли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бо иштироки ҳиссавии байни ду ширкат  дар  ҳаҷми 50/50- фоизӣ ташкил карда шуд.

Манбаъ: АМИТ "ХОВАР"