Дар Душанбе Комиссияи шаҳрӣ оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2019» таъсис дода шуд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 13 марти соли 2019 ба имзо расид. Тибқи ин қарор Комиссияи мазкур вазифадор гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2019» тадбирҳои зарурӣ андешад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе муваззаф гардидаанд, ки баҳри қабули саривақтии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комиссияҳои ноҳиявӣ таъсис дода, ҳуҷҷатҳои заруриро тибқи рӯйхат ба комиссияи шаҳрӣ то 25 марти соли 2019 пешниҳод намоянд.
Дар қарор ҳамчунин омадааст, ки Раиси комиссияи шаҳрӣ оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2019» дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми кори комиссия то 30 марти соли 2019 рӯйхати ҳаҷравандагони шаҳри Душанберо тибқи тартиби муқарраргардида ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд.
АМИТ «Ховар»