КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хоруғ ба низоми электронӣ гузашт

Бо мақсади дар амал татбиқ кардани барномаҳои махсуси Ҳукумати электронӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшҳои Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» батадриҷ ба низоми нави электронӣ мегузаранд. Барномаи мазкурро  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар амал татбиқ менамоянд.

Директори Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хоруғ Маснав Саидзокиров зимни муаррифии барномаи нави бақайдгирии молу мулки шаҳрвандон   гуфт, ки «ин ба кормандони корхона имконият фароҳам меорад, ки дар зудтарин фурсат тавассути интернет молу мулки шаҳрвандонро ба қайди давлатӣ гиранд. Ҳамчунин тамоми асноду ҳуҷҷатҳои заруриро дар кӯтоҳтарин муҳлат таҳия намуда, ба дасти онҳо супоранд. Ин барнома шаффофияти ҳисобу китобро дар фаъолияти ҳам Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва ҳам мақомоти андоз ба таври комил таъмин карда,  дар оянда амалҳои корруписониро дар ин ду ниҳоди давлатӣ решакан менамояд».

Дар гузашта шаҳрвандон барои ба қайд гирифтани молу мулки ғайрманқули худ  идора ба идора гашта, баъзан барои ба даст овардани як имзои сардори ин ё он корхона ду-се рӯзро беҳуда сарф мекарданд. Акнун ин ҳама сарсонию саргардониҳо бартараф шуда, шаҳрвандон дар доираи як идора метавонанд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи моликият ба даст оранд.

Ба ибораи дигар,  агар қаблан дар як рӯз  20 ҳуҷҷати бақайдгирии давлатӣ ба шаҳрвандон дода мешуд, ҳоло бо тарзу усули электронӣ дар як рӯз зиёда аз 100 ҳуҷҷату санадҳои шаҳрвандонро ба расмият даровардан мумкин аст.

АМИТ «Ховар»

Tags: