Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ ҷилди дуюми «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ» -ро таҳти унвони «Камол дар оинаи пажӯҳиш» ба нашр расонид. Дар ин бора аз мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Китоби «Камол дар оинаи пажӯҳиш» аз 566 саҳифа иборат буда, дар он зубдаи асарҳои камолшиносӣ аз соли 1845 то 1960 гирдоварӣ шудааст. Китоби мазкур аз тарафи адабиётшинос Субҳони Аъзамзод таҳия гардида, тавассути нашриёти «Хуросон» бо сифати баланд ва қобили таваҷҷуҳ ба табъ расидааст.
Ёдовар бояд шуд, ки ҷилди аввали «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ» бо номи «Камол дар оинаи тазкираҳо» қаблан ба нашр расида буд. Нашри ин китобҳо беҳтарин дастовард ба ифтихори 700-умин солгарди Камоли Хуҷандӣ маҳсуб мешавад.
АМИТ «Ховар»