Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2020-2022 тасдиқ гардид

Муҳимтарин масъалаҳои марбут ба рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ҳисор дар иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи  шаҳри Ҳисор, даъвати панҷум бо иштироки вакилон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсат, шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва дигар сохторҳо матраҳ гардид.

Аз ҷумла, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016 «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2014-2020»,  «Дар бораи рафти иҷрои Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» -ро  баррасӣ намуданд.

Дар иҷлосия ҳамзамон ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор оид ба маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, занон ва оила, ахбори омма ва масъалаҳои иҷтимоӣ,  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз ҳавзаи интихоботии «Ғайратобод», №18  Нуралӣ Тешаев оид ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ» шунида шуд.

Вакилони шаҳри Ҳисор ҳамзамон масъаалҳои марбут ба ворид намудани тайғирот ва илова ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор  ва басти  вазифаҳои сохтори бахши фарҳангро матраҳ намуда, қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Зимни иҷлосия  «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳр барои солҳои 2020-2022»  ва  қарорҳои Раиси шаҳри Ҳисор»  аз ҷониби вакилони халқ баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: