Президенти мамлакат: Ҳар як шахс бояд қоидаҳои беҳдоштиро дар ҷойи кор, ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву маҳалҳо ва манзили зист риоя намояд

Ҳар як шахс, аз хурд то бузург, бояд қоидаҳои беҳдоштиро дар ҷойи кор, ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву маҳалҳо ва манзили зист риоя намояд ва худро аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ (COVID-19, — тавз. АМИТ «Ховар») эмин дорад, тазаккур доданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустии мамлакат.

Сарвари давлат изҳори боварӣ намуданд, ки шаҳрвандони мамлакат ин меъёрҳо ва қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя карда, барои ҳифзи саломатии худ, аҳли оила ва ҳамватанони хеш талош менамоянд ва ҳарчи зудтар аз ин беморӣ раҳо меёбем.

Ёдовар мешавем, ки то соати 17:30 дақиқаи 19 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 207 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шуд. То ин дам 1936  нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ 41 нафар фавтидаанд.Тайи шабонарӯзи охир ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

АМИТ «Ховар»

Tags: