Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик даршаҳри Душанбе боз як макони нави фарҳангӣ — «Боғи Куруши Кабир» ба истифода дода мешавад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар бораи «Боғи Куруши Кабир» номгузорӣ намудани ин мавзеи нави фарҳангӣ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.
Бояд гуфт, ки боғи мазкур бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти мамлакат бунёд гардида, дар шафати Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. Масоҳати он зиёда аз 4 гектар хоҳад буд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки барои гузоштани муҷассамаҳои рассоми машҳури тоҷик Камолиддини Беҳзод ва Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ Малика Собирова дар ин боғ иҷозат дода шавад.
«Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шуд», — афзуд манбаъ.
АМИТ «Ховар»