Имрӯз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омода намудан ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст, барои волонтёрони забондон семинари омӯзишӣ баргузор намуд.
Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар семинар 150 нафар волонтёрон аз ҳисоби донишҷӯёни фаъоли донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун раванди муҳими сиёсӣ ҷалб ва кумаки неруҳои гуногунро тақозо менамояд, ки фаъолияти волонтёрӣ дар он мақоми махсус дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаолияти волонтёрӣ тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» танзим карда мешавад.
Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода иброз дошт, ки “имрӯз дар ҷумҳурӣ фаъолияти волонтёрӣ хуб ба роҳ монда шуда, онҳо дар баргузории ҷамъомадҳои сиёсӣ, фарҳангиву фароғатӣ, илмӣ-маърифатӣ, варзишӣ-оммавӣ ва барномаҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, саҳми худро дар пешрафти мамлакат мегузоранд. Волонтёрон шахсоне мебошанд, ки ройгон ба фоидаи ҷомеа кор карда, барои кори кардаи худ подош талаб намекунанд. Онҳо мехоҳанд ба одамон кумак расонида, ҷомеаи худро нигоҳ доранд ва худро узви хуби ҷомеа эҳсос кунанд».
Номбурда афзуд, ки дар умум 10 ҳазор нафар волонтёрон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат барои расонидани хизмат дар маъракаи муҳими сиёсӣ ҷалб карда шудаанд ва аз ин теъдод танҳо 250 нафар волонтёроне, ки донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошанд, барои мушоҳидони байналмилалӣ ҳамчун роҳбалад хизмат менамоянд.
Коршиноси КМИР ҶТ Азимҷон Ҷӯраев зикр кард, ки Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди омодагӣ ба баргузории «Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -2020» ҳамчун мақоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматрасонии волонтёрон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла барӯйхатгирии интихобкунандагон, тақсимоти маводи иттилоотӣ, мусоидат дар баргузории суҳбату вохӯриҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, иттилоотонии интихобкунандагон бо қонунгузории мамлакат дар бораи интихобот, ҳамроҳӣ намудани мушоҳидони байналмилалӣ, кумак расонидан дар участкаҳои интихоботӣ ба пиронсолон ва шахсони имконияташон маҳдуд ба таври васеъ истифода мебарад.
Дар охири семинар ба волонтёрон китобчаи «Роҳнамо барои волонтёрон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва КМИР ба нашр расидааст, дода шуд.
АМИТ «Ховар»