«Андалеб -2016»: ҳаваскорони Кӯлоб 98,4 хол ба даст оварданд

Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев  даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»   аз 12 то 21 августи соли равон баргузор мегардад.
Ин навбат дар фестивал намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии ҳаваскорони шаҳри Кӯлоб  манзури бинандагон гардид.
Аз байни шартҳои озмун иҷрои суруди якка- «Модар» аз ҷониби ҳунарманди ҷавон Бахтиёри Комил ва рақси якка- «Ҷавонӣ» дар иҷрои ҳаваскори ҷавон Раҳима Қосимова ба   тамошобинон бештар писанд омад. Ҳакамон иброз доштанд, ки ҳам рақс ва ҳам суруд дар сатҳи баланди касбӣ иҷро шуд  ва ҳар ду намоишро бо 10 холӣ баҳогузорӣ намуданд. Дар маҷмӯъ шаҳри Кӯлоб 98,4 хол ба даст овард.
Хотиррасон менамоем,  аз 10 шаҳру навоҳии кишвар, ки ба даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»   роҳ ёфтаанд, ҳунармандони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе   ба гирифтани 100,6 хол сазовор гардида, аз дигарон пешсафанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: