Инъикоси Наврӯз дар “Телевизиони Тоҷикистон”

Ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ “Телевизиони Тоҷикистон” бо таҳия ва пахши барномаҳои фарҳангиву фароғатии идона кӯшиш ба харҷ медиҳад, то хотири тамошобинонро шод кардаву бо таъмини ғизои маънавӣ мардумро бо расму одатҳои аҷдодии халқи тоҷик наздиктар созад.

Дар ин робита бо мақсади эҳёи анъанаҳои мардумӣ, таҷассум ва тарғиби фарҳанги ниёгон идораҳои “Телевизиони Тоҷикистон” тасмим гирифтаанд, ки бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барномаҳои рангину ҷолиб таҳия намоянд.

Идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии “Телевизиони Тоҷикистон” нақша дорад, ки хотири тамошобинонро бо пахши 7 барномаи идона болида гардонад. Идораи мазкур дар арафаи Иди Наврӯзи байналмилалӣ аз минтақаҳои гуногуни кишвар, аз қабили Варзоб, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳринав, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва шаҳри Душанбе барномаҳои идона таҳияву пахш карда, тамошобинони телевизионро аз ҷараёни таҷлили Наврӯз дар манотиқи гуногуни кишвар огаҳ сохтаву ҳамзамон дар дилҳои бинандагон тухми сулҳу дӯстӣ ва инсондӯстиро бикорад.

Ба монанди ин Идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии “Телевизиони Тоҷикистон” низ бо пахши барномаҳои идона мехоҳад рӯзҳои фароғатии мардумро хушу хотирмон гардонад. Барномаҳои “Наврӯзи хуҷастапай”, “Наврӯз ҷаҳонӣ шуд”, “Наврӯзи оламафрӯз” ва “Ҷилои Наврӯз” аз зумраи барномаҳои идонаи идораи номбурда буда, ҳар яке инъикоскунандаи расму оин ва тарғибгари анъанаҳои миллӣ мебошанд.
Аз санаи 21-ум то 26-уми марти соли равон ҳар субҳгоҳ барномаҳои махсуси идонаи “Субҳ” бо таҳияи гузоришу сужетҳои таҷассумгари Наврӯз оғози рӯзҳои фароғатии тамошобинонро хуш хоҳанд кард.
Дар баробари барномаҳои вижаи идона, ҳамчунин гузоришҳои муфассал аз Идораи барномаҳои иттилоотии “Ахбор” низ дар арафаи ҷашни Наврӯз аз “Телевизиони Тоҷикистон” ҳамарӯза пахш хоҳанд гашт, ки бешак барои эҳёи расму оинҳои миллӣ ва ҳисси ватандӯстии мардум нақши бориз хоҳад гузошт.
Ҳайати эҷодии “Телевизиони Тоҷикистон” бо истифода аз фурсат ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ таҳният гуфта, талабгори сарсабзиву хонаободӣ ва осудахотирии ҳар як тоҷикистонӣ мебошад.

Эй ёри барозида, Наврӯз муборак бод!
Эй ҷони дилу дида, Наврӯз муборак бод!

Tags: