Шуъбаи наҷоти беморхонаи Ҳисор бо таҷҳизоти тиббии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд

Шуъбаи наҷоти беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор аз таъмири асосӣ   пурра бароварда шуда, ба фаъолият оғоз намуд. Дар шуъбаи мазкур 10 утоқ пурра таъмир гардида, дар он нодиртарин таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз қабили 10 кардиомонитори наздикатӣ, 16 оксигенератор, 8 адад дастгоҳи ИЗЛ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, дастгоҳҳои сабти барқии дил, ташхиси ултрасадо, десивибрятор (тақвияти барқии кори дил), газоанализатор (санҷиши газҳо дар хун), глюкомер (ташхиси қанди хун), пулсиоксиметр (санҷиши оксигени хун ва тапиши дил) дастрас ва насб гардидаанд. Инчунин  8 адад катҳои функсионалӣ (идорашавандаи аз як ҷо ба ҷои дигар интиқолёбанда) дар ҳуҷраҳои табобати беморон ҷойгир шудаанд.

Тавре  аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Ҳисор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шуъбаи мазкур дар доираи ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мусоидати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо маблағи  беш аз 5 миллион сомонӣ ба таври пурра таъмиру навсозӣ шуда, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи шуъбаи мазкур  Вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода  иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар суҳбат бо табибон иброз  дошт, ки ҷавобан ба ин ғамхории роҳбарияти олии мамлакат бояд пайи ҳифзи солимии ҷомеа содиқона хизмат намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: