Бинобар сабаби резиши санги зиёд ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе –Кӯлоб-Хоруғ- дар минтақаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин муваққатан қатъ гардидааст.
Тавре сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аловуддин Аноятшоев хабар дод, дар ин минтақаи роҳи мазкур резиши санг ҳанӯз ҳам идома дорад ва корҳои бартарафсозии оқибатҳои ин офати табиӣ муваққатан қатъ гардидаанд. Алҳол 50 метри роҳ дар ин мавзеъ тоза карда шуда, баробари хотима ёфтани резиши санг корҳои тозакунии роҳи мазкур идома меёбанд.
Аловуддин Аноятшоев ҳамчунин зикр кард, ки айни замон намояндагони сохторҳои дахлдор дар макони офати табиӣ қарор дошта, тамоми техникаи мавҷуда баҳри тоза намудан ва кушодани роҳ сафарбар карда шудаанд.
АМИТ "Ховар"