Имрӯзҳо дар баробари фаъолияти рӯзмарра диққати асосӣ ба масъалаи омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Яке аз мушкилоти асосии соҳа- ин набудан ва ё дар ҳолати ногувор қарор доштани кинотеатрҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ мебошад, ки ба фаъолияти бонизоми Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» монеа эҷод мекунад. Дар ин бора имрӯз директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои директори муассисаи мазкур, айни замон дар тавозуни муассиса 30 кинотеатр боқӣ мондааст. Бо вуҷуди камшумор будани кинотеатрҳо аксарияташон дар вазъи бад қарор доранд.
«Бештари ин кинотеатрҳоро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва дигар идораву корхонаҳо талаби ба ихтиёри худ гузаронидан доранд, аммо мо иқдом гирифтем, ки дар робита ба истиқболи ҷашни бузурги давлатӣ кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроия дар маҳалҳо ва дигар соҳибкорон, нафарони саховатманд кинотеатрҳои кӯҳнаро таъмиру тармим ва навсозӣ намоем. Ҳамин тариқ, мо дар худи муассиса ҳам шояд то рӯзҳои ҷашни «Кинои тоҷик» кинотеатри муосир «Куруш»-ро ба истифода диҳем»,-гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён.